Ҷабборов гуфт, барои сохтани артиши пурқудрат маблағро дареғ намедорад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкНовоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳур ҳамчунин гуфт, ки мақомот омодаанд, ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ҳамаҷониба кумак кунанд ва барои ин маблағеро дареғ нахоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумат барои эҷоди артиши пурқуввати дорои қобилияти баланди мудофиавӣ ҳеҷ гуна маблағро дарег намедоранд, мегӯяд президенти Кирғизистон Содир Ҷабборов.
Ӯ ин нуқтаро зимни суханронӣ дар як маросими тантанавӣ ба муносибати 80-умин солгарди таъсиси Раёсати ҳифзи муассисаҳои ислоҳӣ ва нигоҳдории маҳкумони ин кишвар изҳор кардааст.

"Таъкид кардан мехоҳам, ки мо омодаем, ҳамаҷониба дастгирӣ кунем ва барои таъсиси артиши пурқуввати дорои тавоноии дифоии баланд ҳеҷ пулро дареғ намедорем", - гуфтааст ӯ.

Қаблан ӯ гуфта буд, ки дар кишвараш аз ҳисоби буҷет посгоҳҳои нави сарҳадӣ, хона барои низомиён сохта, ҳавопаймоҳои бесарнишин, мошинҳои зиреҳпӯш ва дигар аслиҳа харидорӣ мешаванд.
Ба таъкиди ӯ, соли 2021 барои ин 7,5 миллиард сом ҷудо шуда буд, соли ҷорӣ бошад, Қирғизистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад қариб 3 миллиард сум харҷ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки соле қабл ин кишвар аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар" харид ва як моҳ қабл миқдори зиёди мошинҳои зиреҳпӯши русии "Тигр"-ро ворид кард.
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Посухи Тошиев ба такрори ҳаводиси марзӣ бо Тоҷикистон ва тамринот бо "Байрактар"
Ин кишвар ҳама аслиҳаи навтарини харидаашро ба марзи Тоҷикистон интиқол медиҳад.
Неъматуллоҳ Мирсаидов, яке аз огоҳони умури марзӣ, устоди журналистика ва коршиноси масоили минтақа дар суҳбат бо сомонаи "Ойина" гуфтааст, ки аз мусаллаҳшавии Қирғизистон дар марз "бӯйи ҷанг" меояд.
Ӯ гуфтааст, ки бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, қасоси ҳаводиси парелии соли 2021-ро бигиранд ва барои ин чандин вақт аст, ки пайт меҷӯяд ва возеҳ аст, ки мехоҳанд, масоили марзиро аз мавқеи қудрат ҳал намояд.
Аммо ин коршинос мегӯяд, изҳороти ахири сарварони ду кишвар дар хусуси ҳарчи зудтар ҳал кардани масоили марзӣ умедеро бедор месозад, ки он бо роҳи гуфтушунид ҳал шавад.
Лентаи хабарҳо
0