Дар Хуҷанд 35 донишҷӯ ба хидмати ҳарбӣ рафт

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Инҳо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буда, пас аз супоридани имтиҳон ва ҳимоя кардани рисолаи хатм ба хидмати ҳарбӣ рафтанд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд.
Ба гузориши дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, 35 донишҷӯи ин донишкада пас аз хатми донишгоҳ ба хидмати ҳарбӣ рафтанд.

"Баъди супоридани имтиҳонот ва ҳимояи рисолаи хатм ихтиёран барои адои хидмати ҳарбӣ рафтанд", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, дар маросими гусели наваскарон роҳбарият ва устодони донишкада иштирок карданд ва ин иқдоми хатмкунандаҳоро шоистаи пайравӣ барои дигар ҷавонон номиданд.
Призывники в армию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Дар Деваштич хонандаи синфи 11 ба аскарӣ рафт
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Деваштич як хонандаи синфи 11 ба аскарӣ рафтааст. Фармони аз мактаб хориҷ шудани ӯ аллакай содир шудааст ва номбурда метавонад ду сол пас имтиҳон супорад ва шаҳодатномаи хатми синфи 11-ро гирад.
Маврид ба зикр аст, ки 1 апрел дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта, он ду моҳ давом мекунад.
Гуфта мешавад, ВМКБ давоми чор соли охир миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон нақшаро дар қаламрави вилоят 100 фоиз иҷро менамояд.
Лентаи хабарҳо
0