Навсозии майдони Исмоили Сомонӣ ва бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание администрации города Хорог, архивное фото
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Мақомот эълон кардаанд, ки майдони Исмоили Сомонӣ ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо тарҳи замонавӣ навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо тарҳи замонавӣ навсозӣ мегарданд, иттилоъ додааст мақомоти шаҳри мазкур.
Тибқи иттилои манбаъ, барои шинос шудан бо вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Хоруғ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ гурӯҳи кории Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ ба шаҳри Хоруғ сафар намуд.
Қайд карда шудааст, ин гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ дидан кард.
Генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Генерал Назарзода ваъда дод, ки милитсияи Бадахшон хушахлоқу хушмуомила мешавад
Муовини якуми вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ бо лоиҳаи навсозии майдони мазкур шинос гардид, барои ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ намудани майдони марказии шаҳри Хоруғ пешниҳодҳои мушаххасро баррасӣ намуд.
Шаҳри Хоруғ шаҳрест дар ҷанубу ғарби Бадахшон, ки дар ду соҳили рӯди Ғунд, дар баландии 2200 метр аз сатҳи дарё воқеъ гаштааст.
Лентаи хабарҳо
0