Путин Иттиҳоди Аврупоро аз оқибатҳои таҳримҳо ҳушдор дод

Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти аврупоӣ пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи Донбасс алайҳи Русия таҳримҳои иқтисодиро ҷорӣ карданд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти роҷеъ ба масоили иқтисодӣ гуфт, Русия бо сиёсати таҳримии Ғарб мубориза мебарад.

"Ин таҳримҳо асосан боиси буҳрони ҷаҳонӣ мешаванд. Муаллифони онҳо бо ҳидоят аз амбитсияҳои кӯтоҳандешонаи сиёсӣ, русбадбинӣ бештар ба манфиатҳои миллии худ, ба иқтисоди худ ва некӯаҳволии шаҳрвандони худ зарба мезананд", - гуфт сарвари давлати Русия.

Ба гуфтаи ӯ, пайомадҳои таҳримҳо дар афзоиши таваррум дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ мушоҳида мешавад, ки он ба 20 дарсад наздик аст, дар ҳоле ки ба ҳисоби миёна нархҳо дар минтақаи евро 11 дарсад боло рафтаанд.
Пляжный зонт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
WSJ аз охирин умеди иқтисоди Аврупо гуфт
Ҳамзамон ӯ таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки ҳамаи ин дар якҷоягӣ ба вазъи кишварҳои фақиртарин таъсир мерасонад, ки мумкин аст, бо хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ шаванд.
Раисҷумҳури Русия махсусан қайд кард, ки "айб комилан бар дӯши элитаи кишварҳои ғарбӣ аст". Президенти Русия гуфт, онҳо барои дар ҷаҳон ҳукмронӣ кардан нисфи онро қурбон мекунанд.
Владимир Путин изҳор дошт, таваррум дар Русия коҳиш меёбад. Дар ҳамин ҳол сарвари давлат таъкид кард, ки Русия "бо чолишҳои беруна дилпурона мубориза мебарад".
Лентаи хабарҳо
0