Путин: Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм ҳам дар набард ва ҳам дар иқтисод пирӯз шуд - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Русия ёдовар шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ фашистонро на танҳо дар майдони ҷанг, балки дар бахши иқтисод низ шикаст дод
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҷаласаеро бахшида ба масоили иқтисодӣ оғоз намуда, хотиррасон кард, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ на танҳо дар набардҳо, балки бо қудрати иқтисодии худ пирӯз шуд.
"Мо баназдикӣ иди асосии худ - Рӯзи Ғалабаро ҷашн гирифтем. Ман мехоҳам ба шумо хотиррасон намоям, Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо дар набардҳо, балки бо иқтидори иқтисодие, ки дошт, дар қиболи зарфиятҳои иқтисодии на танҳо Олмон, ҳатто дар муқобили тамоми Аврупо қарор гирифт,” - гуфт Путин.
Ёдрас менамоем, ки Владимир Путин Иттиҳоди Аврупоро аз оқибатҳои таҳримҳо ҳушдор дод.
Путин Иттиҳоди Аврупоро аз оқибатҳои таҳримҳо ҳушдор дод
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти роҷеъ ба масоили иқтисодӣ гуфт, Русия бо сиёсати таҳримии Ғарб мубориза мебарад.
"Ин таҳримҳо асосан боиси буҳрони ҷаҳонӣ мешаванд. Муаллифони онҳо бо ҳидоят аз амбитсияҳои кӯтоҳандешонаи сиёсӣ, русбадбинӣ, бештар ба манфиатҳои миллии худ, ба иқтисоди худ ва некӯаҳволии шаҳрвандони худ зарба мезананд", - гуфт сарвари давлати Русия.
WSJ аз охирин умеди иқтисоди Аврупо гуфт
Ба гуфтаи ӯ, пайомадҳои таҳримҳо дар афзоиши таваррум дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ мушоҳида мешавад, ки он ба 20 дарсад наздик аст, дар ҳоле ки ба ҳисоби миёна нархҳо дар минтақаи евро 11 дарсад боло рафтаанд.
Лентаи хабарҳо
0