Аз номи президент Рустами Эмомалӣ Сардор Бердимуҳаммадовро ба Тоҷикистон даъват кард

© Пресс-служба Совета Федерация РФРустам Эмомали
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки феълан бо сафари расмӣ дар Туркманистон қарор дорад, даъвати Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти ин кишвар расонд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамзамон мири шаҳри Душанбе бо кишвардори Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов вохӯрд.
Дар ин бора дафтари матбуотии палатаи болоии парлумон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ дар оғози дидорбинӣ бо Бердимуҳаммадов ӯро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ муборакбодӣ кард ва ҳамчунин дуруд ва даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба Тоҷикистонро ба ӯ расонд.
Котибот қайд намуд, ки даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз сӯйи кишвардори Туркманистон пазируфта шуд.
Манбаъ меафзояд, дар мулоқот маҷмуи масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла вазъи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карда шуд.
Ашхабад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Нигаронии Рустами Эмомалӣ ва Бердимуҳаммадов аз вазъи Афғонистон
Зикр гардид, ки Туркманистон батадриҷ ба яке аз шарикони пешбари иқтисодии хориҷии Тоҷикистон табдил меёбад.
Зимни гуфтушунид ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва сӯзишворӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди пурраи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Илова бар ин пешниҳод шуд, ки барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ солҳои 2022-2023 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шаванд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 май Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Туркманистон рафт. Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳо ва роҳбари Дастгоҳи маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин сафари чаҳоруми хориҷии шаҳрдори Душанбе мебошад. Қаблан ӯ ба Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон сафарҳои расмӣ дошт.
Лентаи хабарҳо
0