Тоҷикистонро дар Ҷоми осиёии ҷудо 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Дар мусобиқа 500 варзишгар аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуда, барои ба даст овардани Ҷоми Осиё мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон куштигирӣ барои Ҷоми осиёии ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон сурат мегирад.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар дода изҳор дошт, ки мусобиқаи мазкур аз 13 то 15 май баргузор мегардад.
Манбаъ меафзояд, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд ва феълан ҳамаи онҳо дар шаҳри Алмаато қарор доранд.
Гуфта мешавад, аз миёни 13 ҷудочии тоҷик панҷ нафарашон наврас мебошанд.
Зикр гардид, ки сабқат миёни наврасон 13-14 май ва байни ҷавонон 14-15 май баргузор мешавад.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Ҷудочиёни тоҷик аз Ҷоми Осиё бо 3 медал баргаштанд
Бояд гуфт, дар мусобиқаи Ҷоми осиёии ҷудо ҷамъан 500 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.
Қаблан чунин мусобиқа моҳи гузашта дар Тошканд сурат гирифт ва ҷудочиёни тоҷик соҳиби як медали нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд.
Медали нуқраро Иброҳим Элмуродов ба даст овард, ки ӯ дар вазни зиёда аз 100 кило баромад кард.
Медалҳои биринҷиро Нуралӣ Эмомалӣ ( 66 кг) ва Масъуд Аҳмадзода (то 73 кг) ба даст оварданд.
Лентаи хабарҳо
0