Толибон барои тозасозии сафҳои артиши Афғонистон комиссия махсус таъсис доданд

© AFP 2023 / Mohd Rasfan / Wakil KohsarКоллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои ҳукумати муваққати толибон ахиран эълон кардааст, ки комиссияи тасфияи артиши Афғонистон оғоз ба кор кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати толибон эълон кардааст, ки барои тозаасозии сафҳои артиши Афғонистон дар ваазорати дифои ин кишвар комиссия махсус таъсиси дода шудаааст.
Расонаҳои дохилии Афғонистон хабар доданд, ки ин комиссия тозасозии сафҳои артиши кишвар баъд аз поёни кори комиссияи тозасозии сафҳои неруҳои амниятии Толибон, оғоз ба кор кард.
Бар асоси фармони Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид, вазири дифои Толибон, комиссияи тасфияи сафҳои артиш ба раёсати Латифуллоҳ Ҳакимӣ ташкил шуд.
База Баграм в Афганистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Толибон: Амрико омили фақру нооромиҳо дар Афғонистон аст
Латифуллоҳ Ҳакимӣ, раиси Комиссияи тасфияи сафҳои толибон соли гузашта дар нишасте бо масъулони амниятиву дифоии вилоёти Қандаҳор, Ҳилманд, Зобул ва Урузгон гуфта буд, тасфияи суфуф нахустин шарти асосӣ барои бақои низоми толибон аст.
Ҳакимӣ пеш аз ин низ изҳор дошта буд, афроде ки аз номи Толибон сӯиистифода мекарданд, дар 22 вилоят шиносоӣ, боздошт ва ё барканор шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки бо суқути ҳукумати пешини Афғонистон ва фирори Ашраф Ғанӣраисҷумҳури ин кишвар ба хориҷ аксари сарбозону чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ба кишварҳои мухталиф фирор карданд. Аз ҷумла аксари сарбозони ҳукумати пешини Афғонистон ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон фирор карданд.
Лентаи хабарҳо
0