Тӯйи фарзанд дар Кӯлоб бо ҷаримаи модар поён ёфт: ду рӯз зиёфат додааст

© Sputnik / Дмитрий МатвеевУгощения на узбекской свадьбе
Угощения на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Як сокини шаҳри Кӯлоб барои маъракаи хурсандияш як рӯз иҷозат гирифту онро тайи ду рӯз баргузор кард. Мақомот ӯро ба нақзи Қонуни танзим муттаҳам карданд
ДУШАНБЕ, 12 май - Sputnik. Додгоҳи шаҳри кӯлоб шаҳрванд Маҷидова Кенҷаморо барои нақзи Қонуни танзим ҷарима кардааст. Ин ниҳоди қазоӣ мегӯяд, ин шаҳрванди кишвар иҷозаи мақомотро сарфи назар кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, Маҷидова Кенҷамо барои гузаронидани маъракаи тӯйи арӯсии фарзандаш аз бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Кӯлоб тавсиянома гирифта, аммо вақти баргузор намудани маъракаро риоя накардааст.
Гуфта мешавад, ӯ 12 феврали соли ҷорӣ, аз соати 12:25 дақиқа бо оростани дастархон дигаррон ба зиёфати тӯй даъват карда, маърака оғоз кардааст.
Номбурда ҳамзамон санаи 13 феврал, аз соати 18:30 то 21:30 дар тарабхонаи "Тоҳир" бо оростани зиёфат барои 120 нафар ва иштироки санъаткорон маъракаи тӯйи арӯсии фарзандашро бо базму бозӣ идома додааст.
Ҳамин тариқ додгоҳ Маҷидова Кенҷаморо бо моддаи 481, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда, баробар ба 6400 сомонӣ ҷарима кардааст.
Священный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Мақомот: Аз оғози татбиқи қонуни танзим шаҳрвандон миллиард сомонӣ сарфа карданд
Кумитаи дини Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ беш аз 123,3 ҳазор тӯй ва дигар расму оинҳои мардумӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ ҷарима барои нақзи қонуни мазкур 3 миллиону 960 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар кишвар тайи 15 соли татбиқи қонуни танзим беш аз 25 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни танзими анъана ва ҷашну ойинҳои мардумӣ дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд. Он хароҷоти молӣ ва шумораи меҳмонон дар маросим ва идҳоро танзим мекунад.
Бо вуҷуди ҷаримаҳои зиёд, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол қонуни давлатиро нақз мекунанд. Қобили зикр аст, ки нақзи қонун аз тарафи шахсони воқеӣ аз 100 то 110 нишондиҳанда ҷаримаро ташкил медиҳад.
Маблағи ҷаримаи шахсони мансабдор аз 550 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз шахсони ҳуқуқӣ аз 800 нишондиҳанда муаян шудааст.
Лентаи хабарҳо
0