Евро якбора дар Тоҷикистон коҳиш ёфт: бо рублу доллар чӣ шуд?

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Қурби пули аврупоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ боз коҳиш ёфт. Ин арз сар аз оғози соли ҷорӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дорад
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиҳши 100 евро дар кишвар 13.0048 сомонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар бар ивази ҳамин миқдор арзи аврупоӣ 13.1847 сомонӣ медоданд.
Ин асъор дар бозори арзи Русия низ ба таври рекордӣ коҳиш ёфт, аввалин бор сар аз моҳи феврали соли 2020 то ба 69 рубл поин рафт.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Бонки миллии Тоҷикистон сирри устувории доллар ва тағйирёбии қурби рублро ошкор кард
Ҳамин тариқ, қурби евро 2,14% коҳиш ёфта, то 68,99 рубл поин рафт.
Дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон бошад, як евро аз 13.0048 то 13.1000 сомонӣ арзиш дорад
Рубли русӣ бошад, дар Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 166 сомонӣ аст.
Ба дунболи рубл вазъияти доллар низ бетағйир мондааст. Ҳоло дар кишвар ҳар як доллар 12.4950 сомонӣ арзиш дорад.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 160 сомонӣ ва зимни фурӯш 170 сомонӣ нарх муқаррар шудааст. Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 167 ва дар фурӯш 173 сомонӣ аст.
Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Тоҷикистониён барои гирифтани ипотека майли бештар пайдо кардаанд
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 168 ва дар фурӯш 168,5 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 155 сомонӣ мехараду ба ивази 172,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0