Таъйини ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус дар Минск

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистону Беларус азм доранд, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дутарафа, аз ҷумла аз тариқи ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолиро тақвият бахшанд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Беларус моҳи июни соли равон дар шаҳри Минск баргузор мешавад.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод. Манбаъ афзуд, ки омодагӣ ба ин ҷаласа аз мавзуъҳои мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои беларусаш Владимир Макей буд.
Таъкид гардид, ки мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Владимир Макей дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Беларус талош доранд, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дутарафа, аз ҷумла аз тариқи ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолиро тақвият бахшанд. Инчунин ҷонибҳо сари роҳандозии содироти густурдаи меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Беларус кор карда истодаанд.
Рустами Эмомалӣ ва сафири нави Белорус дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири нави Белорус дар Тоҷикистон
Аз тарҳҳои ахире, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар бораи он хабар дод, таъсиси корхонаи муштараки қолинбарорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" мебошад, ки айни ҳол баррасии ин масъала идома дорад.
Инчунин ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи "Хуҷанд-Могилёвлифтмаш" оғоз бахшид, ки аз ҷониби "Хуҷандторгмаш" дар ҳамкорӣ бо корхонаи "Могилёвлифтмаш"-и Беларус таъсис дода шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ҳадафи стратегии чорумашро саноатикунонии босуръати кишвар эълон карда, ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди ин бахш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Лентаи хабарҳо
0