Коршинос гуфт, то 60 рубл расидани доллар чӣ хатар дорад

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Таҳлилгари гурӯҳи молиявии "Финам" зарур медонад, ки қурби рубл дар Русия поин бурда шавад, то даромади буҷа аз содирот бештар гардад
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Қурби феълии рубл дар баробари доллар барои иқтисоди Русия мушкилот эҷод мекунад, изҳор дошт Андрей Маслов, таҳлилгари гурӯҳи молияии "Финам".
Ӯ дар суҳбат бо ожонси "Прайм" изҳор доштааст, ки қурби баланди рубл дар баробари доллар даромади рублии буҷаро коҳиш медиҳад.
"Агар доллар боз ҳам арзонтар шаваду дар ҳудуди 60 рубл қарор гирад, буҷет метавонад "канда" шаваду касри буҷа ба вуҷуд ояд", - ҳушдор дод Маслов.
Вай изҳор доштаст, ки феълан ҳарчанд содирот ба таври қобили мулоҳиза аз нишондоди пештара коҳиш ёфтааст, аммо аз воридот бештар аст, ки ин дар навбати худ барои рубл дастгирии ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Маслов мегӯяд, расидани қурби доллар ба нуқтаи 60 рубл эҳтимолияти кам дорад ва агар расад ҳам, дер давом нахоҳад кард.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Бонки миллии Тоҷикистон сирри устувории доллар ва тағйирёбии қурби рублро ошкор кард
Вай дар шароити феълӣ қурби беҳтаринро 80 рубл барои як доллар хонд, ки Бонки Русия барои он талош дорад.
Маслов илова намуд, ки вақтҳои охир ниҳоди танзимкунанда кӯшиш мекунад, ки қурби рублро тавассути поин бурдани меъёри бозтамвил ва сабук кардани маҳдудиятҳо заиф созад.
Ӯ гуфт, бо назардошти он ки сабуктар кардани маҳдудиятҳо натиҷаи дилхоҳ надода истодаанд, бояд тадбирҳои дигари сабуккунанда дар бахши танзими асъорро пеш гиранд.
Лентаи хабарҳо
0