Лавров: Тоҷикистон дар Афғонистон нуфузи бузург дорад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкГлава МИД РФ С. Лавров
Глава МИД РФ С. Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, вазъ дар Афғонистон бояд дар заминаи муколамаи миллӣ бо ширкати нерӯҳои сиёсӣ ва ақвом ҳал шавад
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Амрико дар 20 соли ахир барои Афғонистон ҳеҷ коре накардааст.
Вай таъкид кард, ки акнун вазъ дар Афғонистон бояд дар заминаи муколамаи миллӣ ҳал шавад.
Дар мавриди вазъи Панҷшер ва муқовимат Сергей Лавров гуфт, ки дар минтақа то ҳол фарогирии сиёсӣ вуҷуд надорад.

"Онҳо даъво доранд, ки дар ҳайати мо узбекҳо, тоҷикҳо ва ҳазораҳо ҳастанд, аммо дар асл ин танҳо бахши қавмии муодила аст", - гуфт вазир.

Вазир қайд кард, ки дар воқеъ, ҳамаи ин намояндагони миллӣ, ки толибон онҳоро барои идора кардани мамлакат ҷалб мекунанд, аз ҷиҳати сиёсӣ худи ҳамон толибонанд.
Лавров: Ғарб ҳадафҳои худро болои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳмил мекунад
Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, имрӯз бори умдаи барқарории ин кишвар бояд маҳз ба дӯши мақомоти Амрико ва муттаҳидони онҳо бошад.
"Тоҷикистон дар Афғонистон, бахусус дар шимоли он нуфузи бузург дорад, аз ин рӯ мо умедворем, ки мақомоти ин ҷумҳурӣ Русияро дар робита ба ҳалли вазъ дар он ҷо ёрӣ хоҳанд кард", - хулоса кард Лавров.
Ёдовар мешавем, моҳи августи соли 2021 бо суқути ҳукумати пешини Афғонистон толибон ҳокимияти худро дар ин кишвар мустақар сохтанд.
Ҳамакнун наздик ба даҳ моҳ мешавад, ки ин гурӯҳ на машруияти дохилӣ дораду на хориҷӣ.
Ашхабад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Нигаронии Рустами Эмомалӣ ва Бердимуҳаммадов аз вазъи Афғонистон
Бино ба андешаи коршиносон, бо ба ҳукумат расидани толибон тамоми гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар гирд омадаанд ва ин кишвар як паноҳгоҳи амни онҳо гаштааст.
Ҳамзамон ахиран ду ҳамлаи мушакӣ аз хоки ин кишвар ба Ӯзбекистон ва як ҳолати дигар ба Тоҷикистон сурат гирифта, раддубадалҳое дар марз бо Туркманистон ва Эрон низ вуҷуд доштанд.
Коршиносони минтақаӣ мегӯянд, бо гузашти замон ҳукумати ин гурӯҳ ҳарчи бештар барои кишварҳои минтақа хатарзо мегардад ва бинобар ин талошҳо барои вокуниши муштарак дар ҳолатҳои зарурӣ сурат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0