Муҳосираи артиши Украина дар наздикии Авдеевка

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкЗапорожская АЭС находится под контролем российских военных
Запорожская АЭС находится под контролем российских военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск эълон кардааст, ки нерӯҳои артиши Украина дар наздикии шаҳраки Авдеевка аз сӯйи нерӯҳои ин кишвари худхонда муҳосира шудаанд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Денис Пушилин, роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск дар суҳбат бо "Шабакаи аввал"-и Русия гуфт, ҳоло дар бораи муҳосираи артиши Украина дар минтақаи Авдиевка каме барвақ аст, аммо метавон гуфт, нерӯҳои украинӣ имкони озодона ҳаракат кардани худро аллакай аз даст додаанд.
"Мо метавонем дар бораи муҳосираи амалиётӣ гӯем, яъне ҳамаи роҳҳои таъмини тиру аслиҳа зери назорат аст, иваз кардани сарбозон ва расонидани нерӯҳои тоза низ ҳоло қатъ шудааст. Дар бораи як муҳосираи мукаммали васеъмиқёси Авдеевка суҳбат кардан каме барвақтар аст”, - шарх дод оқои Пушилин.
Авдеевка дар шимоли Донетск ҷойгир аст ва ҳоло таҳти назорати Украина қарор дорад.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Ғарб дар Украина титане сохт, ки худи онро нобуд мекунад
Ҷангҳо барои контроли ин шаҳр то соли 2017 гоҳу ногоҳ сурат мегирифтанд. Пулиси мардумии ҶМД ҳамеша дар бораи шиллики тӯп аз тарафи Авдеевка ба сӯйи Донетск хабар медод.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0