Оғози сохтусози бинои нави сафорати Қазоқистон дар Душанбе

Город Душанбе сверху - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сохтусози бинои нави сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе шуруъ шуд. Сохтмони ин сафоратро вузарои умури хориҷии ҳар ду кишвар санги асоси гузоштанд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе маросими гузоштани санги асос ба бунёди бинои нави Сафорати Қазоқистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ додааст вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар маросим Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Мухтор Тлеуберди, муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ва Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов иштирок доштанд.
Ёдрас мешавем, ки Мухтор Тлеуберди, муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон барои иштирок дар ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Встреча Рустама Эмомали с главой Сената Казахстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Рустами Эмомалӣ аз раиси Сенати Қазоқистон сармоягузорӣ хост
Вазирон дар ин ҷаласа дар мавриди масоили мубрами рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд ва инчунин иқдомҳои ҷориро дар бораи таъмиқсозии равобити амалӣ дар тамоми самтҳои калидии ҳамкорӣ мутобиқ ба афзалиятҳои раёсати Қазоқистон дар ИДМ муфассал баррасӣ карданд.
Зимни нишаст ба таҷрибаи баргузории машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар қолаби Иттиҳод, ки ба амалисозӣ ва ҳамоҳангсозии саъю талошҳои муштарак дар тамоми самтҳои фаъолияти Иттиҳод мусоидат мекунанд, баҳои баланд дода шуд. Гузашта аз ин, вазирон доир ба татбиқи пай дар пайи Барномаи амал оид ба фаъолсозии шарокат байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ тавофуқ намуданд.
Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа дар натиҷаи дар ин ҷаласа 11 қарор ба имзо расид.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13 октябри соли 2022 дар Нур-Султон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0