Ояндаи ҷаҳон: Медведев аз буҳрони ғизоӣ, энержӣ, нақлиётӣ ва беҳдоштӣ ҳушдор дод

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкПредседатель "Единой России", заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Дмитрий Медведев тавзеҳ дод, ки тартиботи ҷаҳонӣ дар оянда чӣ гуна хоҳад буд ва аз пайомади таҳримот алайҳи Русия барои кишварҳои алоҳида зикр намуд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар ҷаҳон метавонад камбуди озуқаворӣ фаро расад, ки дар бархе кишварҳо гуруснагии фарогир ҳукмрон мешавад.
Дар ин бора ноиби дабири Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар саҳифааш дар "Telegram" изҳор доштаст.
Ба гуфтаи ӯ, бар асари таҳримоти зидди Русия низоми роиҷи иқтисодӣ фурӯ мераваду занҷираи интиқоли бархе аз молҳо аз ҳам мепошад.

"Буҳрони бузурги ҳамлу нақл метавонад рух диҳад, аз ҷумла рукуди ширкатҳои бузурги ҳавоӣ, ки парвозашон аз тариқи қаламрави Русия мамнуъ аст", - навишт ӯ.

Медведев ҳамчунин аз буҳрони энержӣ дар бархе кишварҳо ҳушдор дод, ки бо таҳрими интиқоли манобеи нерӯ аз Русия ба "пойи худ тир шиллик мекунанд". Вай афзуд, ин ба он маънист, ки болоравии нархи маводи сӯхт идома меёбаду рушди иқтисоди рақамӣ заиф мешавад.
Ба гуфтаи ноиби дабири Шӯрои амнияти Русия, буҳрони молиявӣ-асъорӣ низ дар бархе аз кишварҳо аз эҳтимол дур нест, ки бар асари заифшавии асъори миллӣ афзоиши таваррум ва тахриби низоми қонунии ҳифзи моликияти шахсӣ рух медиҳад.
Ҳамчунин ӯ аз низоъҳои нави низомӣ дар минтақаҳое ҳушдор дод, ки масоил дар онҳо тайи солҳои зиёд аз тариқи роҳҳои мусолиматомез ҳал нашудаанд. Террористҳо метавонанд фаъол шаванд, чун Ғарб бо "кашмакаш бо Русия" банд аст.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Лавров: Ғарб ҳадафҳои худро болои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳмил мекунад
"Эпидемияҳои нав оғоз мешаванд, ки натиҷаи худдорӣ аз ҳамкории байналмилалӣ дар бахши санитарӣ - эпидемиологӣ хоҳанд буд ва ё истифодаи мустақими силоҳи биологӣ", - ҳушдор дод Медведев.
Заифшавии созмонҳои байналмилӣ, ки натавонистанд самаранокии худро дар ҳалли қазияи Украина нишон диҳанд, бахши дигаре аз пешбиниҳои ноиби дабири Шӯрои амнияти Русия мебошад.
Ӯ азфуд, ки эътилофҳои ҷадид ба вуҷуд меоянд, ки дар заминаҳои созанда фаъолият хоҳанд кард, на бар асоси талаботи идеологияи англосаксонӣ.
Лентаи хабарҳо
0