Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия тоҷикистониҳоро аз Херсон берун кард

© Sputnik / РИА Новости / Гузаштан ба хазинаи аксМинобороны обеспечило эвакуацию в Россию 127 человек из Херсонской области
Минобороны обеспечило эвакуацию в Россию 127 человек из Херсонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар миёни афроди хориҷие, ки мақомоти низомии Русия аз вилояти Херсон берун овардаанд, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Низомиёни Русия ҳудуди 127 русиягӣ ва шаҳрвандони хориҷиро аз вилояти Херсон ба ҷои амн интиқол додаанд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
"Ахиран аз вилояти Херсон интиқоли бехатари шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон, Сурия, Озарбойҷон, Молдова ва Украина ташкил карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидааст, ки хориҷиҳо низ ба қаламрави Русия интиқол ёфтаанд. Инчунин зикр гардидааст, ки сокинони осоиштаи Херсон низ бо мошинҳои шахсияшон таҳти таъмини амнияти низомиён ба Русия омадаанд.
Таъкид шудааст, ки ин иқдом дар натиҷаи муроҷиати намояндагони сафоратҳои хориҷӣ ба Комендатураи низомии Русия дар Херсон роҳандозӣ гардидааст. Дар маҷмуъ аз оғози амалиёти низомӣ ҳудуди 700 хориҷӣ аз Херсон берун оварда шудааст.
Над зданием горадминистрации Херсона водрузили  российский флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мақомоти Херсон гуфтанд, чаро вилоят бе раъйпурсӣ вориди Русия шуданист
Маврид ба зикр аст, ки Херсон 1-уми март аз ҷониби низомиёни Русия пурра зери назорат гирифта шуд. Феълан мақомдорон бозгашти минтақаро ба Украина ғайриимкон медонанд.
Мақомоти вилояти Херсон бо як муроҷиатнома унвонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ворид шудан ба қаламрави ФР-ро дархост хоҳанд кард, изҳор дошт ноиби раиси ҳукумати низомӣ-шаҳрвандии Херсон Кирилл Стремоусов.
Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳанд кард. Дар навбати худ роҳбари минтақа Владимир Салдо гуфт, вилоят аллакай қисми ҷудонашаванди Русия мебошад.
Лентаи хабарҳо
0