Раисони Маҷлиси миллӣ ва Сенат "харитаи роҳ" имзо карданд

© Sputnik / Амир ИсаевПодпись документа. архивное фото
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Комиссияи доимии ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Сенати Қазоқистон баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Маулен Ашимбаев, раиси Сенати Қазоқистон "харитаи роҳ" барои густариши ҳамкориҳоро имзо кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, ин санад дар доираи нахустин ҷаласаи Комиссияи доимии ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Сенати Қазоқистон имзо гардид.
Таъкид шудааст, ки ҳуҷҷати мазкур самтҳои рушди ҳамкориҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенат барои солҳои 2023-2024-ро муайян мекунад.
Встреча с Председателем Сената РК Мауленом Ашимбаевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Сенати Қазоқистон
Дар идомаи ҷаласа ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва сиёсати муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Манбаъ афзуд, ки Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, амалигардонии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷалб кардааст.
"Дар робита ба мавзуи таъмини амнияти минтақаӣ, бахусус вазъи мураккаби Афғонистон идомаи ҳамкории босамари кишварҳо дар бахши ҳарбию техникӣ зарур шуморида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон буда, миёни Душанбе ва Нурсултон гардиши мол соли гузашта қариб 30 фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0