Нахустин сафари Норов ба Душанбе ба ҳайси вазири умури хориҷии Ӯзбекистон

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) Владимир Норов
Генеральный секретарь Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) Владимир Норов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе қарор дорад
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ин мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раёсати Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешавад, сурат гирифт.
Дар ҷаласае, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, вазирон дурнамои рушди ҳамкориҳо дар доираи ИДМ-ро баррасӣ хоҳанд кард. Аз ҷумла масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва густариши робитаҳо дар бахшҳои гуманитарӣ ва илмӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ арзёбӣ шуд.
Возложение цветов к мемориальным доскам по случаю празднования Дня Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Вазирони хориҷаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон дар Душанбе дидору гуфтугӯ мекунанд
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин сафари Норов ба Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон мебошад. Ӯ охири моҳи апрели соли равон бо фармони Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи корҳои хориҷии ин кишвар таъйин гардид.
Норов дар ин мақом Абдулазиз Комиловро иваз кард, ки муовини дабири Шӯрои амнияти назди президенти Ӯзбекистон оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният таъйин шудааст.
Норов то ин таъйинот муовини аввали вазири умури хориҷии Ӯзбекистон буд ва ҳамчунин таҷрибаи кор дар садри созмонҳои минтақаиро низ дорад.
Аз ҷумла Владимир Норов аз аввали соли 2019 то охири соли 2021 дар мақоми дабири кулли Созмони Ҳамкории Шонгҳой фаъолият дошт.
Лентаи хабарҳо
0