Як рӯз ҳам нагузашт: Аморати Араб президенти нав интихоб кард

© AP / Sang TanПрезидент ОАЭ шейх Мухаммад ибн Заид Аль Нахайян
Президент ОАЭ шейх Мухаммад ибн Заид Аль Нахайян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб, Халифа бин Зоид Оли Наҳён рӯзи 13 май дар синни 73 - солагӣ аз олам даргузашт. Як рӯз нагузашта, президенти нав интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Шоҳзодаи валиаҳди аморати пойтахти Абу-Дабӣ, ки дар ҳашт соли ахир ба таври муассир кишварро раҳбарӣ мекард, президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб шуд, хабар медиҳад хабаргузории Аморати WAM.
Қарор дар бораи интихоби Муҳаммад бин Зейдро Шӯрои олии федералӣ рӯзи шанбе қабул кард.
Ин дар ҳолест, ки қаблан шабакаи телевизионии "Ал-Арабия" хабар дод, ки то интихоби президенти нав, Аморатро Муҳаммад ибни Рошид, ноиби президент, сарвазир ва ҳокими Дубайроҳбарӣ мекунад.
Ин ниҳод афзуда, ки тибқи Қонуни асосии Амороти Муттаҳидаи Араб, ноиби президент,сарвазир ва ҳокими Дубай Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум то замони дар давоми 30 рӯз ҷамъ омадани шӯрои федералӣ, ки аз ҳокимони ҳафт Аморот иборат аст, барои интихоби президенти нав иҷрокунандаи вазифаи президент мегардад.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
"Тоҷикистон дӯсти самимияшро аз даст дод": Ҳамдардии Раҳмон ба Оли Наҳён ва Оли Мактум
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 май президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Дар кишвар мотами миллӣ эълон гардид, ки тибқи изҳорот, он 40 рӯз идома меёбад ва дар ин муддат парчамҳои давлатӣ нимафрохта мешаванд.
Ҳамчунин ҳама вазоратҳо, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ барои се рӯз баста мешаванд.
Бояд гуфт, дар робита ба даргузашти президенти АМА, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба валиаҳди Абу-Забӣ, Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ва ба Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
Лентаи хабарҳо
0