Гармо, туман ва раъду барқ: аз ҳавои рӯзҳои истироҳатии Тоҷикистон боз чиро интизор шуд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкМолодежное озеро в Душанбе.
Молодежное озеро в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Дар пасманзари то +30 дараҷа гармои рӯзона, дар рӯзҳои истироҳат тақрибан дар тамоми минтақаҳои кишвар раъду барқ ​​ва боронҳои шадид ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, ки дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо селфароӣ пешгӯӣ мешавад.
Тибқи пешгӯии обуҳаво, рӯзҳои 14-15 май дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои номуътадил хоҳад буд. Ҳаво абрӣ шуда, боридани борони, раъду барқ, жола низ имконпазир аст.
Ҳарорат шабона 16—18, рузона 25—27 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи якшанбе ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳамин гуна ҳаво – боронӣ ва баъзан раъду барқ ​​ба амал меояд.
Ҳаво шабона +17 дараҷа ва рӯзона то +23 дараҷа мешавад. Дар куҳҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хуҷанд рӯзи 15 май шамол то 15 метр дар як сония мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво шабона 9-11 дараҷа, рӯзона 24-26 дараҷа гарм шуда, ва баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
КҲФ: Чор рӯзи боронгариҳо дар Тоҷикистон боиси селу обхезиҳо мешавад
Дар ҳамин ҳол, ҳаво дар Мурғоб абрнок ва бебориш шуда, шабона аз 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 14-16 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона то -3 дараҷа расида, рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҷануби Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон ҳаво гоҳе туман ғуборолуд шуда, ҳарорат рӯзона то +30 дараҷа боло хоҳад рафт. Бо вуҷуди ин шабу рӯз дар вилоят раъду барқ мешавад.
Дар Кӯлоб шабона 19—21, рузона 27—30 дараҷа гарм мешавад. Шамол то 10 метр дар як сония мевазад. Дар доманакӯҳҳо шабона 11-16, рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Қаблан дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании кишвар ҳушдор дода буд, ки ҳавои номусоид метавонад боиси обхезӣ гардад.
Наҷотдиҳандагон якбора боло рафтани сатҳи оби дарёҳои кишварро пешгӯӣ карда, таъкид карданд, ки дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо омадани сел аз эҳтимол дур нест.
Лентаи хабарҳо
0