Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ду фармондеҳи толибонро нобуд кард

© AFP 2023 / AHMAD SAHEL ARMANАфганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер
Афганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иддао кардааст, ки дар набардҳои ахир бо Толибон дар як шаб ду фармондеҳи худро куштааст.
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба сарварии Аҳмади Масъуд шабонарӯзи ахир Мулло Ғаффор, як фармондеҳи аршади толибонро дар вулусволии Роҳаи вилояти Панҷшер куштааст.
Дар ин бора Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати дар Твиттер хабар додааст.
Ӯ ҳамчунин таъйид кард, ки Мулло Маланг, фармондеҳи дигари толибон низ дар вулусволии Багром дар вилояти Парвон дар ҳамлаи чирикии нерӯҳои муқовиматгарон кушта шудааст.
Бино ба гузоришҳо, дар чанд рӯзи ахир дар вилоёти Андароб, Бағлон, Панҷшер ва Вурсаҷи вилояти Тахор миёни Ҷабҳаи муқовимат ва толибон даргириҳои шадид идома дорад.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Раҳмону Путин вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Ба иттилои расонаҳои Афғонистон дар пайи ин даргириҳои шадид, толибон садҳо кушта додаанд.
Ба гузориши Сибғатулло Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат толибон дар набар бо муқовиматгарон шикаст мехӯранд ва қасоси худро аз мардуми одӣ мегиранд, ки ба набардҳо ягон робита надоранд.
Номбурда гуфт дар Панҷшеру Андароб ва Тахор онҳо мардуми одиро кӯчи иҷборӣ дода, хонаҳояшонро камингоҳ мекунанду хӯрокашонро мегиранд.
Ёдовар мешавем ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар Душанбе аз вазъи сиёсӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфт толибон то кунун тааҳудоташонро иҷро накардаанд.
Вай таъкид кард, ки вазъ дар Афғонистон бояд дар заминаи муколамаи миллӣ ҳал шавад.
Дар мавриди вазъи Панҷшер ва муқовимат Сергей Лавров гуфт, ки дар минтақа то ҳол фарогирии сиёсӣ вуҷуд надорад.
"Онҳо даъво доранд, ки дар ҳайати мо узбекҳо, тоҷикҳо ва ҳазарҳо ҳастанд, аммо дар асл ин танҳо бахши қавмии муодила аст", - гуфт вазир.
Вазир қайд кард, ки дар воқеъ, ҳамаи ин намояндагони миллӣ, ки толибон онҳоро барои идора кардани мамлакат ҷалб мекунанд, аз ҷиҳати сиёсӣ худи ҳамон толибонанд.
Ёдовар мешавем, моҳи августи соли 2021 бо суқути ҳукумати пешини Афғонистон толибон ҳокимияти худро дар ин кишвар мустақар сохтанд.
Ҳамакнун наздик ба даҳ моҳ мешавад, ки ин гурӯҳ на машруияти дохилӣ дораду на хориҷӣ.
Лентаи хабарҳо
0