Ҷангиёни "Азов"* қасди ҳамла ба марзи Русияро доштанд

© Sputnik / Евгений Котенко / Гузариш ба медиабонк Новобранцы батальона "Азов"
 Новобранцы батальона Азов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Ситоди генералии Украина тарҳеро таҳия кардааст, ки бар асоси он низомиён қасд доранд, яке аз шаҳракҳои ҷумҳурии мардумии Донетскро муҳосира кунанд.
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина қасд доштанд, ки шаҳри Новоазовски ҶМД -ро ишғол ва муҳосира кунанд ва баъдан ба марзҳои Русия дастрасӣ пайдо кунанд.
Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар сохторҳои қудратии ҶМЛ менависад.
Бино ба хабари манбаъ, чунин нақшаҳо дар яке аз пойгоҳҳои партофташудаи баталони миллии "Азов* пайдо шудаанд. Дар харита тирҳо самтҳоеро нишон медиҳанд, ки воҳидҳои мусаллаҳ бояд аз Мариупол ба Новоазовск наздик мешуданд.
Бар асоси ёддоштҳо маълум мешавад, ки ҳамла бояд рӯзи 8 март оғоз шавад. Қобили зикр аст, ки набардҳои фаъол барои Мариупол рӯзи 7 март, замоне шурӯъ шуд, ки муовини фармондеҳи баталони "Восток"-и ҶМД Александр Семёнов гуфт, ки шаҳр муҳосира шуда, поксозии манотиқи муайян шурӯъ шуд.
 Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Володин шарти "Азов"* барои раҳоии сокинони мулкиро шабеҳи амали террористӣ донист
Дар авоили моҳи апрел нерӯҳои муштараки Миллии ҶМД ва Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба ҷануби Мариупол расиданд, ки дар он ҷо нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина боқӣ монда, бандарро ҳамроҳ бо киштиҳои ғайринизомӣ, ки маллоҳони Русия, Туркия ва Украина мебурданд, назорат мекарданд.
Баъдтар, 11 апрел, президенти ҶМД Денис Пушилин изҳор дошт, ки бандари баҳрӣ таҳти назорати Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аст.
Хуруҷи беш аз 180 мулкӣ аз "Азовстал"
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина шомил аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнӯъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0