Лавров: Ғарб бо амалҳои ғоратгарона обрӯяшро резонд

© Министерство обороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксРабочая поездка главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Рабочая поездка главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, ки Ӯарб бо амалҳои ғоратгоронааш обрӯи худро коста кардааст
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, кишварҳои ғарбӣ билохира бо аъмоли ғоратгарона обрӯи худро коста карданд.
"Кишварҳои ғарбӣ бо аъмоли ғоратгаронаи худ бар зидди дороиҳои моддии дигарон обрӯи худро ҳамчун шарикони пешбинишаванда ва қобили гуфтушунид комилан поин бурданд", - гуфт вазир дар ҷаласаи Шӯрои сиёсати хориҷӣ ва дифоъ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ кас аз мусодира ва "қасди давлат" эмин нест, аз ин рӯ "на танҳо Русия, балки бисёре аз кишварҳои дигар низ вобастагии худро аз доллари амрикоӣ, аз фанновариҳо ва бозорҳои ғарбӣ коҳиш медиҳанд."
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Лавров: Ғарб ҳадафҳои худро болои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳмил мекунад
Қаблан Сергей Лавров дар як нишасти хабарӣ дар пайи ҷаласаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе, мавқеи кишварҳои ғарбиро, ки аз ҷамоҳири дигар дархост мекунанд, ба таҳримҳои зидди Федератсияи Русия пайваст шаванд, беадабона ва густохӣ хонд.
Лавров таъкид кард, ки дар ин замина "безарар" будани хоҳиши Украина барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо шубҳаҳоро ба вуҷуд меорад.
"Он чизе ки мо дар амалкарди Ғарб мебинем, амалест, ки ман онро "нафрати байналмилалӣ" меномам", - афзуд Лавров.
Кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти вижаи Русия дар Украина алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳои хориҷӣ эълон карданд, ки бозори Русияро тарк ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии худ дар ин кишварро қатъ мекунанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, ин корро зери фишори шадид анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро, ки Ғарб барои иқтисод эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0