"Облава" набуд: ВКД марги марди ношинос дар "Водонасос"- ро шарҳ дод

© РВКДТрасформатор
Трасформатор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пулиси пойтахт наздикони мардеро меҷӯяд, ки ҷасадашро дар маҳаллаи "Водонасос" пайдо кардаан, ки аз шиддати қувваи барқ ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Мақомот дар Душанбе ҷасади мардеро пайдо кардаанд, ки шахсияташ то ҳол мушаххаст нест.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохила дар пойтахт, санаи 12-уми майи дар асоси хабари қисми навбатдорӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милитсия ба кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода назди бозори ҶДММ "Варзоб" сафарбар гардиданд, ки дар натиҷа, ҷасади шахсияташ номаълум дарёфт гардид.
Ба иттилои мабаъ, шахси фавтида зоҳиран марди тақрибан 35-40 сола буда, ҷисмаш бе аломатҳои марги маҷбурӣ дар назди тронсформатор дарёфт гардид.
Ин ниҳод мегӯяд, зимни азнанзаргузаронӣ муайян карда шуд, ки номбурда аз шиддати қувваи барқ ба ҳалокат расидааст.
"Қадаш 165 сантиметр буда, мӯйи сараш зардина ва дар тан шимми ҷинси кабуд дорад", - афзудааст манбаъ.
Аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки барои муайян намудани шахсияти ҷасад ба мақомоти милитсия кумак намоянд.
Раёсат хабари расонаҳо дар бораи ба "облава" рабт додани ин ҳодисаро комилан хабари беасос ва носаҳеҳ хондааст.
Ба таъкиди манбаъ, расман шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳориро пурра ба анҷом расонида, сафарбаркунӣ ба хизмати ҳарбӣ дар пойтахт хотима ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0