Шеремет: пайвастшавии ҷануби Украина бо Русия ногузир аст

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузаштан ба хазинаи аксДепутат Государственной Думы РФ Михаил Шеремет, архивное фото
Депутат Государственной Думы РФ Михаил Шеремет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вакили Думаи давлатии Русия аз муттаҳидшавии ногузири ҷануби Украина бо ин кишвар хабар дод. Ӯ гуфт, ин минтақаҳо бахше аз империяи Русия буданд
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия аз вилояти Қрим Михаил Шеремет ба РИА Новости гуфт, ки манотиқи ҷанубии Украина заминҳои таърихии Русия ҳастанд ва пайвастани онҳо ба Русия ногузир аст.

"Минтақаҳои ҷанубии Украина таърихан бахше аз империяи Русия буданд ва муттаҳидшавии онҳо бо Русия ногузир аст. Новобаста аз мухолифати миллатгароёни украинӣ ин қисмат бояд бо Русия пайвандад", - афзудааст Шеремет.

Ӯ гуфт, феълан баргузор намудани ҳама гуна раъйпурсӣ дар қаламравҳои бе ин ҳам озодшуда барвақт аст.
"Мо бояд амалиёти вижаро ба анҷом расонем... ва амнияти тамоми минтақаҳои озодшударо таъмин кунем. Дар ҳоле, ки мушакҳои Украина тавассути шаҳрҳо парвоз мекунанд, барои мардум чунин интихоби масъулиятнок душвор аст", - таъкид намуд вакил.
Запорожская АЭС находится под контролем российских военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Муҳосираи артиши Украина дар наздикии Авдеевка
Қаблан Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия гуфта буд, ки танҳо сокинони вилояти Херсон метавонанд ояндаи худро муайян кунанд ва Русия ба тамоми тасмимоти онҳо розӣ хоҳад шуд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0