Сокини Ваҳдат барои гузарондани маросими соли додараш беш аз 3000 сомонӣ ҷарима шуд

© Пресс-служба Ассоциации таджикской молодежи в РФВкусные угощения на столе, архивное фото
Вкусные угощения на столе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бар хабари Додситонии кулли Тоҷикистон, сокини шаҳри Ваҳдат бидуни гирифтани тавсиянома дар рӯзи корӣ маросими соли додарашро бооростани хон баргузор кард
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Ваҳдат, як сокини маҳаллиро барои нақзи Қонуни танзим ҷарима кард. Ин ниҳоди қазоӣ мегӯяд, ки ин шаҳрванди кишвар иҷозаи мақомотро сарфи назар кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Бакорон барои гузаронидани маъракаи соли додараш аз бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Кӯлоб тавсиянома нагирифтааст.
Илова бар ин, номбурда дар рӯзи корӣ, дар хонаи истиқоматияш, бо омода намудани таъом, маросими соли додарашро баргузор намудааст.
Ҳамин тариқ додгоҳ сокини шаҳри Ваҳдатро бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо ба андозаи 50 нишондиҳанда, баробар ба 3200 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин намуд.
Плов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Ҷазои ду сокини Хатлон барои ду таом дар тӯй ва баргузории чили падар
Ёдовар мешавем, ки Қонуни танзими анъана ва ҷашну ойинҳои мардумӣ дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд. Он хароҷоти молӣ ва шумораи меҳмонон дар маросим ва идҳоро танзим мекунад.
Бо вуҷуди ҷаримаҳои зиёд, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол қонуни давлатиро нақз мекунанд. Қобили зикр аст, ки нақзи қонун аз тарафи шахсони воқеӣ аз 100 то 110 нишондиҳанда ҷаримаро ташкил медиҳад.
Маблағи ҷаримаи шахсони мансабдор аз 550 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз шахсони ҳуқуқӣ аз 800 нишондиҳанда муаян шудааст.
Лентаи хабарҳо
0