Тавлиди 340 тонна пила дар вилояти Суғд

© Исполнительский орган государственной власти Согдийской областиПроизводство шелка и кокона в Согдийской области
Производство шелка и кокона в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти вилояти Суғд ахиран эълон кардааст, ки айни замон ҷамъоварии пилла дар вилоят идома дорад ва интизор аст дар вилоят 340 тонна пилла ҷамъоварӣ шавад
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки соли равон дар вилоят истеҳсоли 340 тонна пилла ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, айни замон ҷамъоварии пилла идома дорад.
Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз нуқтаи қабули пилла дар корхонаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид кард.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар корхонаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев имсол 500 қуттӣ кирмак тақсим гардида, кирмакпарварон тасмим доранд, ки 15 тонна пилла истеҳсол намоянд.
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Интиқоди Раҳмон аз рушди ноустувори саноат дар Хатлон
Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон таъкид кард, ки пилла ашёи муҳими саноатӣ буда, бо назардошти ин "Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024" қабул карда шудааст ва барои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Раиси вилоят барои иҷрои нақшаи пешбинишуда ба кирмакпарварон тавсияҳо дода, ба занону бонувоне, ки ба ин шуғл машғул ҳастанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Ҳамзамон роҳбари вилоят сокини Ҷамоати деҳоти Унҷӣ Муҳаммадҷон Неъматовро аёдат кард. Оилаи Неъматовҳо солҳои зиёд инҷониб ба кирмакпарварӣ машғул буда, соли ҷорӣ 50 кило пилла месупоранд.
Раиси вилоят, оилаи Негматовҳоро ба муносибати фарорасии Рӯзи байналмилалии оила, табрик карда, ба онҳо туҳфаҳои худро супорид.
Лентаи хабарҳо
0