Антонов: Таслимшавии Маскав дар Украина ҳеҷ гоҳ сурат намегирад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксБрифинг А. Антонова после заседания комитета по международным делам
Брифинг А. Антонова после заседания комитета по международным делам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафири Русия дар Амрико бар ин бовар аст, ки ИМА нигарониҳои Русияро дар заминаи амнияти миллӣ нодида гирифта, муколамаро ба бунбаст оварда расонд
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов гуфт, Федератсияи Русия ба Иёлоти Муттаҳида қатъиян мегӯяд, ки ҳеҷ гуна таслими Маскав дар Украина нахоҳад буд.
"Мо қатъиян ва возеҳ сухан мегӯем ва ба ин комилан итминон дорем, ҳадди аққал дипломатҳои русе, ки дар ин ҷо кор мекунанд, чунин таслим нахоҳад буд. Мо итминони комил дорем, ки тамоми вазифаҳое, ки Фармондеҳи Олӣ дар назди мо гузоштааст, он пурра иҷро хоҳад шуд", - гуфт Антонов дар барномаи "Соловев Live".
Вай инчунин қайд кард, ки вазъ дар атрофи Украина ниҳоят хатарнок аст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳарчи бештар ба муноқиша бо оқибатҳои пешгӯинашаванда ҷалб мешавад.
Анатолий Антонов бар ин бовар аст, ки худи Иёлоти Муттаҳида нигарониҳоРусияро дар заминаи амнияти миллӣ нодида гирифта, муколамаро ба бунбаст овардаанд.
Флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Антонов аз таҳдиди даргирии мустақими низомӣ Русия бо ИМА хабар дод
Илова бар ин, дипломати рус гуфт, ки Вашингтон ҳама тамосҳои рӯ ба рӯ бо сафорати Русияро қатъ кардааст.
"Муошират танҳо тавассути телефон ва почтаи электронӣ сурат мегирад ва ҳатто дар он сурат танҳо дар бораи масъалаҳои техникӣ. Мутаассифона, ҷанги раводид идома дорад", - шарҳ дод ӯ.
Ба ақидаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида метавонист аз даргириҳои низомӣ пешгирӣ кунад, барои ин кофӣ буд, ки Киевро мутақоид кунад, ки бо намояндагони Донбасс сари мизи музокирот нишинад ва ин корро то 24 феврали соли 2022 анҷом диҳад.
Аммо дар он тарафи уқёнус ҳамаи талабҳои Русия, ҳамаи масъалаҳое, ки Маскавро ба ташвиш меоварданд, нодида гирифта шуданд.
Қаблан Антонов гуфта буд, ки дар Вашингтон ба кори сафорати Русия халал ворид мекунанд.
Ӯ гуфт унвонии коргарон тариқи телефону мактуб таҳдидҳо ворид мешаванд ва як замон ҳатто роҳи баромад аз сафорат масдуд шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0