Думаи давлатӣ муфлисшавии иқтисодии Финландияро дар НАТО пешгӯӣ кард

© Sputnik / Алексей МайшевГосударственная Дума РФ
Государственная Дума РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Думаи давлатии Русия яке аз вакилон муфлисшавии иктисодию дипломатии Финландия баъди вуруди ин кишвар ба НАТО-ро пешгӯӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Дохилшавии Финландия ба НАТО маҳкум ба нокомӣ аст, ин тасмим кишварро ба "муфлисшавӣ" дар равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва дипломатӣ мебарад.
Дар ин бора Адалбӣ Шхагошев, узви Кумитаи амният ва мубориза бо фасоди Думаи давлатии Русия ба РИА Новости гуфтааст.
Рӯзи якшанбе ҳукумати Финляндия тасмими худро дар бораи дохил шудан ба НАТО расман эълон кард. Ин тасмим рӯзи душанбе дар порлумони Финландия баррасӣ мешавад ва раъйдиҳӣ рӯзи сешанбе баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Пекка Ҳаависто, вазири хориҷаи Финландия, дархост ба қароргоҳи НАТО дар Брюссел ба эҳтимоли зиёд рӯзи чаҳоршанбе ироа хоҳад шуд.
"Ҳоло Финландия саҳмияҳои арзони як ширкати фурӯрафта - НАТО-ро мехарад, ки дар ҳама ҷо: дар Афғонистон, Сурия, Украина аз даст рафтааст. "Хариди" чунин саҳмияҳо дар шакли узвият дар ин паймон барои Финландия ба нокомӣ мувоҷеҳ аст", - бовар дорад Шхагошев.
Ӯ чунин мешуморад, ки дохил шудан ба НАТО боиси муфлисшавии сиёсӣ, иқтисодӣ ва дипломатии Финляндия мегардад.
Ба ин иттифоқ дохил шудани кишварҳои нав муваққатӣ хоҳад буд, боварӣ дорад Шхагошев.
Ба гуфтаи вай, Русия дар идома ба таъмини кафолатҳои амниятӣ, ки баргардонидани зерсохтҳои паймон ба марзҳои соли 1997-ро дар бар мегирад, пофишорӣ хоҳад кард.
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Русия ба Шветсия ва Финландия аз пайомади ворид шуданашон ба НАТО ҳушдор дод
"Аз ҷониби мо, таъмини амнияти мо, новобаста аз он, ки чӣ арзиш дорад, авлавияти баландтарин хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Финландия ва Шветсия дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина дар бораи имкони даст кашидан аз бетарафии дарозмуддати худ ва пайвастан ба НАТО эълон карданд. Раҳбари ин паймон Йенс Столтенберг қайд кард, ки паймон аз дидани Финландия ва Шветсия дар сафҳои худ хушҳол хоҳад буд ва ба онҳо имкони зуд пайвастанро фароҳам меорад.
Намояндаи доимии ИМА дар НАТО Ҷулиан Смит гуфт, НАТО интизор дорад, ки ин кишварҳо дар бораи узвияти эҳтимолии худ дар "моҳҳо ва ҳафтаҳои" оянда тасмим гиранд. Вай афзуд, ки ИМА аз пайвастани ин кишварҳо ба ин паймон истиқбол хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0