Мирзиёев барои видоъ бо президент ба Аморати Араб рафт: Раҳмон чӣ

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Кишвардори Ӯзбекистон ба хотири иштирок дар маъракаҳои мотамӣ дар робита ба фавти Халифа бин Зоид Оли Наҳён, ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар кард
ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба АМА сафар кард.
Котиботи президенти Ӯзбекистон дар шарҳи сафари Мирзиёев ба АМА навиштааст, ки президент дар маросимҳои мотамӣ ба хотири даргузашти Халифа бин Зоид Оли Наҳён иштирок хоҳад кард.
Илова бар ин, дар назар аст, ки Мирзиеёв пас аз анҷоми маросимҳои мотамӣ бо кишвардори тозаинтихоби Аморат, Муҳаммад бин Зейд дидору мулоқот кунад.
Феълан маълум нест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин маърака даъват шудааст ё хайр.
Президент ОАЭ шейх Мухаммад ибн Заид Аль Нахайян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Як рӯз ҳам нагузашт: Аморати Араб президенти нав интихоб кард
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон даргузашти раҳбари Амороти Муттаҳидаи Арабро боиси андуҳи бузург хонд ва қайд намуд, ки Тоҷикистон дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод.
Ёдовар мешавем, президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ 13 май даргузашт.
Дар робита ба даргузашти ӯ дар саросари Аморот мотами миллӣ эълон шудааст, ки гуфта мешавад 40 рӯз давом хоҳад кард.
Марҳум писари калонии бунёдгузори Аморот Зоид бин Султон Оли Наҳаён буд, ки пас аз маргӣ ӯ дар соли 2004 мақоми раҳбариро ба зима дошт.
Ҳоло ба курсии президентии АМА, Муҳаммад бин Зейд такя зад, Номбурда, шоҳзодаи валиаҳди аморати пойтахти Абу-Дабӣ дар ҳашт соли ахир ба таври муассир ин кишварро раҳбарӣ мекард.
Лентаи хабарҳо
0