Наврасони тоҷик футболбозони қирғизро мағлуб карданд

© ФФТЮношеская сборная Таджикистана (U-16)
Юношеская сборная Таджикистана (U-16) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Футболбозони то 16-солаи тоҷик нахустин бозии худро дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо пирӯзӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Нахустин бозии дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) бо пирӯзӣ анҷом ёфт.
Бозии дастпарварони Зайниддин Раҳимов шаби 14 май бо тими наврасони Ҷумҳурии Қирғизистон сурат гирифт. Футболбоони навраси тоҷик тавонистанд ба дарвозаи ҳарифони худ ду гол ба самар расонанд.
Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи наврасони Тоҷикистон анҷом ёфт.
Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури теъдоди зиёди мухлисонбаргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан наврасони Қирғизистон бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ карданд ва мусобиқот бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Юношеская сборная Таджикистана уступила Cеверной Македонии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Душанбе мизбони Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни наврасон мешавад
Бояд гуфт, ки Душанбе мизбони Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола мебошад.
Ин мусобиқа то 20 май идома меёбад ва панҷ даста барои дарёфти унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ФФТ, дар чемпионат мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Дар маҷмӯъ дар доираи чемпионати CAFA-2022 байни наврасон (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад.
Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0