Нокаутҳои шадид ва зарбаҳои хуб: беҳтарин лаҳзаҳои мусобиқаи UFC - видео

Обуна шудан
Дар интернет видеои ҷолиб аз лаҳзаҳои мусобиқаи UFC "Vegas 54" пайдо шуд. Дар муборизаи асосӣ Ян Блачович ва Александр Ракич вохӯрданд
Дар Иёлоти Муттаҳида мусобиқаи "Ultimate Fighting Championship" (UFC) баргузор шуд. Мусобиқа дар Лас Вегас доир гардид.
Дар мусобиқаи асосии UFC муборизи лаҳистонӣ Ян Блачович ва австриягӣ Александр Ракич вориди майдони рақобат шуданд.
Мусобиқа дар вазни сабук дар бахши саввум ба далели осеби дувумӣ анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, Блахович бо нокаути техникӣ пирӯз шуд.
Поре шикаст хӯрд: Оливейра ӯро бӯғӣ кард - видео
Барои размовари 39 - солаи лаҳистонӣ ин 29 - умин пирӯзии ӯ ба ҳисоб меравад. Дар фаъолияти варзишияш танҳо аз 9 ҳарифи худ шикаст хӯрдааст.
Илова бар ин, дар корти асосӣ Дейви Грант Луис Смолкаро нокаут кард ва Кэтлин Чукагиан аз Аманда Хибас пурқувваттар шуд.
Дар муборизаи муштараки асосии UFC "Vegas 54", варзишкор аз Молдова Ион Кутселаба аз ҳарифи амрикоии худ Райан Спаннӣ пеш аз мӯҳлат шикаст хӯрд. Вохурй дар даври аввал баъди он ба охир расид, ки размикори амрикоӣ ҳарифро "буғӣ" кард.
Лентаи хабарҳо
0