Аз амният то тиҷорат: сабти мулоқоти Путину Раҳмон - видео

Обуна шудан
Президентҳои Тоҷикистону Русия дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва густариши равобити тиҷоратӣ табодули афкор намуданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Владимир Путин, президенти Русия масъалаи муҷаҳҳазгардонии артишро ба миён гузошт.
Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор дошт, ки ин имкони хуби баррасии татбиқи барномаи муҷаҳҳазгардонии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷкистон мебошад. Ӯ ба муҳим будани таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид намуд.
Раисҷумҳури Русия дар пайи истиқбол аз ҳамтои тоҷикаш суҳбатро аз ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши 70%-ии гардиши мол дар соли равон оғоз карда афзуд, ки барояш шунидани назари президенти Тоҷикистон дар мавриди иқдоми минбаъдаи амниятӣ низ ҷолиб аст.
Раисҷумҳури Русия вазъ дар Осиёи Марказиро ҳассос гуфт
“Албатта, мо бо Шумо баназдикӣ дар суҳбати телефонӣ вазъи минтақаро баррасӣ карда будем. Вазъи минтақа мушкил боқӣ мемонад ва барои ман муҳим аст, назари шуморо дар ин бора шунавам, то амниятро дар ин самт дар ояндаи наздик боз ҳам таҳким бахшем”, - гуфт Путин.
Маврид ба зикр аст, ки феълан раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин бо сафари корӣ дар Русия қарор дорад.
Дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД, таҳти раёсати роҳбари Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян иштирок мекунад.
Ин ҳамоиш ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад.
Феълан СПАД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0