Дарвозабони "Равшан"-ро мошин зер кард: шарҳи табиб ва милиса

© PixabayВратарь, архивное фото
Вратарь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Дарвозабони дастаи футболи "Равшан"-и ноҳияи Зафарободро худрави "Опел" зер кардааст. Феълан варзишгар дар шуъбаи эҳё бистарист
ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Ҷаъфаршоҳ Абдуллозода, дарвозабони дастаи футболи "Равшан"-и ноҳияи Зафаробод бар асари садамаи нақлиётӣ аз ноҳияи сараш осеб дида, дар шуъбаи эҳёи шифохонаи марказии ноҳия бистарӣ шудааст.
Эргашбой Мирзоев, табиби шуъбаи эҳё дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳодисаи мудҳиш шаби 12 ба 13-уми май рух дода, бар асари он Абдуллозода бо осеби шадиди майнаи сар бистарӣ карда шудааст.
"Рӯзи 13 май табибони ҷарроҳи асаб (нейрохирург) аз Хуҷанд ба ноҳия даъват шуда ва як дафъа ҷарроҳӣ гузарониданд. Хушбахтона, ҳамааш хуб сипарӣ шуд. Ҳоло барои ба худ омадани бемор вақт лозим аст. Умедворем, зудтар шифо меёбад” – изҳор дошт табиб.
Манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии Суғд дар шарҳи ҳодиса гуфт, садама соати 23:00-и шаби 12 май дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Зафаробод рух додааст.
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
"Равшан"-и Зафаробод ба футболи бузург роҳ ёфт, аммо майдон барои бозӣ надорад
"Ронандаи 35-солаи мошини тамғаи "Opel vectra", сокини ҷамоати Равшани ноҳияи Зафаробод аз ҳисоби вазиши шамоли сахт ва ғуборолуд шудани ҳаво ба мушкили идораи ҳаракати воситаи нақлиёт дучор шуда, пиёдагардро зер кардаст", - гуфт манбаъ.
Абдуллозода Ҷаъфаршоҳ, сокини 19-солаи ноҳияи Спитамен буда, дарвозабони асосии дастаи футболи "Равшан"- и Зафаробод гуфта мешавад. Мухлисону масъулони тими "Равшан" бо таассуфу изтироб аз рӯх додани ин ҳодиса, изҳори умед карданд, ки варзишгар зудтар шифо ёбаду ба майдон баргардад.
Дастаи "Равшан"-и ноҳияи Зафаробод баъди пирӯзии мутлақ дар Лигаи якуми кишвар дар поёни соли 2021 барои нахустин бор соли ҷорӣ ба сафи Лигаи бартар ё худ олии футболи кишвар роҳ ёфт.
Ҳоло ба ҳисоби дастаҳои "Хуҷанд"-у "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд ва "Истаравшан"-и Истаравшан “Равшан”-и Зафаробод чаҳорумин тими футбол аз вилояти Суғд мебошад, ки соли ҷорӣ миёни даҳ тим барои дарёфти унвони Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон сабқат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0