Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани сафари корӣ ба шаҳри Маскави Русия рафт.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, Қоҳир Расулзода, сарвазир ва дигар мақомдорони давлатӣ гусел намуданд.
Дар сафар ба Маскав раисҷумҳури Тоҷикистонро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар доираи ин сафар интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бахшида ба 30-юмин солгарди имзои аҳднома ва 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон иштирок намояд.
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Русия муносибот бо 5 давлатро афзал хонд: Тоҷикистон дар ин феҳраст аст
Инчунин мулоқоту музокироти дуҷониба бо роҳбарони кишварҳои узв пешбинӣ шудааст.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақавӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.
Феълан СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0