Баргузории ҳамоиши ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар Покистон

© Информационный портал РСО-АланияПамятник автору эпической поэмы "Шахнаме" торжественно открыли в СОГУ
Памятник автору эпической поэмы Шахнаме торжественно открыли в СОГУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бо кумаки мақомоти Эрон ҳамоиши ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоири бузурги Форс дар шаҳри Равалпиндии Покистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ба муносибати солрӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоири бузурги Форс дар Покистон нақши меҳварии ӯ дар эҳёи забон ва адабиёти форсӣ ёд карда шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Садо ва Симо".
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиш устодони забони форсӣ бар таваҷҷуҳи ҷидди бар тақвияти забони форсӣ дар Покистон таъкид кард ва эҳёи забони форсӣ дар ин кишварро заминасози ошноии насли ҷавон бо тамаддуни бошукӯҳи гузаштаи худ унвон карданд.
Фаромарзи Раҳмонзода, масъули Хонаи фарҳанги Эрон дар Покистон бо баёни ҷойгоҳи бузурги ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар таърих ва адабиёти Эрон ва ҷаҳон гуфт: “Забони форсӣ илова бар Эрон дар бархе кишварҳои ҳамсоя забони расмӣ аст ва дар Покистон ва шибҳиқораи Ҳинд низ пештар ба муддати 800 сол забони девонӣ будааст”.
Низом Косим, глава союза писателей Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Низом Қосим: Хостори ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону Эрон ҳастем
“Интихоби забони форсӣ ба унвони забони шеър аз сӯйи алома Иқбол, шоири миллии Покистон нишон аз муҳим будани ин забон аст”, - гуфт Амир Ёсамин, раиси гурӯҳи забон ва адабиёти форсии донишгоҳи Нумели Исломобод дар хусуси вазъияти забон ва адабиёти форсӣ дар донишгоҳи Покистон.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ шоири шинохтаи форс ва муаллифи китоби “Шоҳнома” аст.
Шуҳрати ҷаҳонии Фирдавсӣ ба хотири китоби "Шоҳнома" аст, ки ин шоири номии эронӣ навиштани онро аз даврони ҷавонӣ оғоз кард ва навиштани "Шоҳнома" 30 тӯл кашидааст.
Лентаи хабарҳо
0