Дар Ҳиндустон волидон писару келинашонро ба суд дода, 65 ҳазор долларро талаб доранд

© VeronikaPujariСвадьба в Индии, архивное фото
Свадьба в Индии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Падар ва модари солхӯрда аз он гила доранд, ки писар ва келинашон ба онҳо набера намеоранд. Онҳо мегӯянд, барои таҳсилу хонадоршавии ӯ маблағи зиёд сарф карданд
ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Дар Ҳиндустон як ҷуфти солхӯрда писар ва келини худро барои он ба додгоҳ кашиданд, ки пас аз шаш соли издивоҷ барои онҳо ба дунё набера наовардаанд, хабар медиҳад "India Today".
Манбаъ меафзояд, Санҷив ва Адана Прасад ба додгоҳи шаҳри Харидвар шикоят бурданд. Онҳо гуфтаанд, ки тамоми пасандози худ - ҳудуди 80 ҳазор долларро барои хонондан ва хонадор кардани писарашон масраф намудаанд.
"Орзуҳои худро ба хотири ба воя расондани ӯ қурбон кардем. Ҳатто барои таҳсилат 2 миллион рупия қарз гирифтем. Аммо писару келин бо маҳрум кардани мо аз набера ба мо зарари калони маънавӣ расонданд", - даъво намудаанд ин ҷуфти солхӯрда.
Бибиҳо набераҳоро аз фарзандон дида бештар дӯст медоранд: сабаб
Феълан Просадҳо мехоҳанд, то писар ва ҳамсари ӯ ба онҳо 65 ҳазор доллар ҷурбони маънавӣ диҳанд, агар кӯдак дар давоми як сол таваллуд нашавад.
Зимнан вакили мудофеи онҳо низ изҳор доштааст, ки орзуи онҳо соҳиби набера шудан аст.
"Аз фарзандашон борҳо талаби набера намуданд, аммо ӯ ба ҳарфҳои волидони худ гӯш намекунад. Мизоҷонам аз он бим доранд, ки набераҳои худро надида мефавтанд", - таъкид намудааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол маълум гардидааст, ки пас аз ба додгоҳ муроҷиат намудани ҷуфти солхӯрда писар ва келини онҳо ба шаҳри дигар кӯчиданд ва иртибот бо волидонро куллан қатъ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0