Коҳиши қурби рубл ва афзоиши арзиши доллар дар бозори нақди Тоҷикистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкОтделение банка. Архивное фото
Отделение банка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии рубли Русия ва доллари амрикоиро дар бозори ғайринақдии асъор дар оғози ҳафтаи нав бетағйир гузоштааст
ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Қурби як рубли русӣ дар Тоҷикистон дар аввали ҳафтаи нав 0.166 сомониро ташкил медиҳад, ки баробари нишондоди охири ҳафтаи гузаштааст.
Бонки миллӣ, қурби расмии долларро чун ҳафтаи қаблӣ дар сатҳи 12.4950 сомонӣ нигоҳ доштаст. Аммо евро, ки ҳафтаи гузашта 13.0048 сомонӣ арзиш дошт, дар ҳафтаи ҷадид то 12.9823 сомонӣ поин фаромадааст.
Дар бозори нақдии Тоҷикистон, ки қурби асъор дар онро ташкилотҳои қарзии кишвар муқаррар мекунанд, арзиши доллар каме боло рафта, қурби рубл андак коҳиш ёфтааст.
Аз ҷумла 1 доллари ИМА, ки ҳафтаи гузашта ба ивази 12.4950 то 12.4900 сомонӣ харидуфурӯш мешуд, дар рӯзи аввали ҳафтаи нав аз 12.9823 то 12.8000 сомонӣ арзиш дорад.
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Бонкҳои Тоҷикистон коргар меҷӯянд
Як рубли русӣ феълан аз 0.1660 то 0.1685 сомонӣ арзиш дорад. Ҳафтаи гузашта рубл дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон аз 0.1660 то 0.1725 сомонӣ қурб дошт.
Инчунин арзиши евро зимни харидуфурӯш, ки ба 13.0048 то 13.1000 сомонӣ баробар буд, то ба 12.9823 то 12.1000 сомонӣ поин рафтаст.
Дар зимн Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0