Миллионҳо нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ мебошанд

© AFP 2022 / Bulent Kilic Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини бахши Осиё дар Барномаи ҷаҳонии ғизо гуфтааст, ки 18 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Антиа Вебб, муовини мудири Осиё дар Барномаи ҷаҳонии ғизо ахиран дар твитте навишт, ки дар панҷ моҳи ахир ба 17,9 миллион нафар ниёзмандони Афғонистон кумак расонида шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

"Вазъи башарӣ ва камбуди ғизо дар Афғонистон хеле нигаронкунанда аст", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Антиа Вебб, то моҳи ноябри соли равон дар Афғонистон 18,9 миллион нафар ба гуруснагии шадид мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Бо пирӯзии толибон дар Афғонистон созмонҳои кӯмаки башардӯстона ҳушдор додаанд, ки 24 миллион нафар дар Афғонистон зери хатти фақр қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Сандуқи наҷоти кӯдакон гуфта буд, ки бештари атфол дар Афғонистон барои хӯрдан чизе надоранд ва гурусна хоб мекунанд.
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Ҷабборов аз нақшаи сарпарастони ҷангҷӯён дар Афғонистон гуфт
Ин созмон дар гузориши худ таъкид карда буд, ки қимати ғизо дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ин созмони байналмилалӣ, хонаводаҳои бекор аз ин ки ҳазинаи ғизои фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд, ноумед шудаанд.
Созмони наҷоти кӯдакон ҳамчунин қайд карда буд, ки ҷанг дар Украина метавонад қимати маводи ғизоӣ дар Афғонистонро боз боло барад.
Кумитаи Байналмилалии Наҷот ҳамчунин пештар хабар дода буд, ки баъд аз тағйири режим дар Афғонистон наздик ба 97 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ниёз ба кумакҳои башардӯстона дар саросари кишвар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0