Миср тасмим дорад, ба бозории бонкии Тоҷикистон ворид шавад

© Пресс-служба НБТВстреча главы НБТ с предпринимателями Египта
Встреча главы НБТ с предпринимателями Египта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сармоягузорони Миср аз мақомоти кишвар хостори ифтитоҳи намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳояшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ин масъала дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мисри Араб, таҳти сарварии Осама Муҳамед Камол дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бокнки миллӣ.
Ҳоким Холиқзода зимни мулоқот гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.
“Ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ буда, роҳандозии ҳамкорӣ бо Миср дар самти сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахши бонкӣ ва суғурта ба мақсад мувофиқ мебошад”, - гуфт ӯ.
Встреча с представителями деловых и инвестиционных кругов Арабской Республики Египет 10.03.2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Боздиди Раҳмон аз пойтахти нави бунёдшавандаи Миср
Ин дар ҳолест, ки роҳбари ҳайати сармоягузорони мисрӣ Усома Муҳаммад Камол ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд ва имконияти сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ баён дошт.
Ҳамзамон БМТ қайд кардааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, кушодани ташкилоти суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Миср дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Ҳамчунин бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни бонкҳои марказии Миср ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни бахши бонкӣ ва баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба миёни бонкҳои марказӣ таваҷҷуҳ зохир гардид.
Лентаи хабарҳо
0