Нақшаи бунёди 100 бинои баландошёна дар Ҳисор ва ҳушдори Қосим Раҳбар аз мушкилот

© Sputnik / Амир ИсаевКосим Рахбар. Архивное фото
Косим Рахбар. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Раиси шаҳри Ҳисор барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти эҳтимолии марбут ба таъминоти барқ, об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ дастур додааст
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҳукумати Ҳисор азм дорад, ки то соли 2026 - 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хидматрасонӣ бунёд кунад, хабар додааст "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, дар ин робита шаҳрдори Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳайати Комиссияи қабули иншоот ҷаласа баргузор карда, аз эҳтимоли пеш омадани мушкилот дар таъмини муназзами сокинони биноҳои навбунёд ва беш аз 40 ҳазор аҳолии шаҳрак бо барқ, об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ ҳушдор дод.
Пешниҳод шудааст, ки бо назардошти афзоиши талабот ба нерӯи барқ ва пешгирии садамаҳо дар хатҳои барқ, хатти иловагӣ ба маҳаллаҳои Бобоҷон Ғафуров ва маҳаллаи 8-ум кашида шавад.
Тарҳи Hisor Moll - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Дар Ҳисор маҷмааи баландошёнаи "Hisor Мall" бунёд мешавад
Зимни таҳлили тарҳ сардори шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор Мансур Файзуллоев изҳор доштааст, ки барои харидории пояҳои оҳану бетонӣ, ноқилҳои қутрашон гуногун, трансформаторҳо ва ғайра ҳудуди ним миллион сомонӣ зарур аст.
Мақомот мегӯянд, бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави 4-километрӣ таъминоти барқ дар Ҳисор беҳтар гардида, талафоти он коҳиш дода мешавад.
"Таъминоти сокинони шаҳрак бо барқи хушсифат ва оби ошомиданӣ беҳтар ва аз ин ҳисоб сарбории дигар трансформаторҳо кам мегардад", - омадааст дар иттилоия.
Раиси шаҳр шахсони масъулро барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таъмини шаффофияти масрафи он, оғозу вусъати корҳо ва дар муҳлати муайянгардида муваззаф намудааст.
Лентаи хабарҳо
0