Нигаронии вазири нақлиёт аз мушкилоти ҳамлу нақли автомобилӣ дар Суғд

© Sputnik / Амир ИсаевАзим Иброхим, министр транспорта Таджикистана
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз вуҷуди чандин мушкилот дар ҳамлу нақли автомобилӣ дар вилояти Суғд гуфта, ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳо дастур дод
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҷаласае, ки бо намояндагони ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ ва кормандони соҳаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, вобаста ба вазъи воқеӣ ва мушкилоти фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар кишвар ба масъулин барои ҳалли мушкилот дастуру супоришҳои мушаххас дод, иттиллоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласа вазири нақлиёти кишвар дар бораи фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобилӣ, мушкилот дар самти истифодаи рухсатномаҳо аз ҷониби ширкатҳо, монеаҳои кор дар ҷамъият ширкатҳои нақлиётии дар самти байналмилалӣ ва ширкатҳои дар дохили кишвар фаъолияткунанда, варақаҳои борхату роҳхат, рақамикунонии соҳа ва дигар масоили марбута изҳори назар кард.
“Ба масъулин ҷиҳати ҳалли мушкилот дастуру супоришҳои мушаххас дод”, - таъкид кардаааст дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти кишвар.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Вазири нақлиёт гуфт, чаро то кунун сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло - Ворух оғоз нашудааст
Ҳамчунин Азим Иброҳим аз масъулин даъват кард, ки барои пешравии кор сабабҳои сар задани нуқсонҳои кор ва бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта фикрҳояшонро баён намоянд.
Ширкаткунандагон дар масоили нарху навои роҳхату борхат, ба роҳ мондани рақамкунонии соҳа, дастраскунии рухсатномаҳо, масъалаи баркашӣ ва сертификатсиякунонии соҳа пурсишу дархостҳо ба миён гузошта шуда, аз вазири нақлиёт посухҳои мушаххас гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0