Бонуи муштзани тоҷик ба чорякфинали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт

© Национальный олимпийский комитет РТТаджикская боксерша Шоира Зулкайнарова
Таджикская боксерша Шоира Зулкайнарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз миёни чор бонуи тоҷикистонӣ, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс иштирок намуданд, феълан танҳо як нафар зӯрозмоиҳоро идома дода истодааст
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова дар даври ҳаштякфинали Чемпионати ҷаҳон дар вазни 63 кило бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳаидун Ҷионг пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки дар чорякфинал Шоира Зулқайнарова бо Парвин аз Ҳиндустон вориди майдон мешавад. Зӯрозмоии ин бонувон 16 май дар назар аст.
© Национальный олимпийский комитет РТТаджикская боксерша Шоира Зулкайнарова
Таджикская боксерша Шоира Зулкайнарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Таджикская боксерша Шоира Зулкайнарова
Муштзани дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова, ки дар вазни 50 кило дар даври аввал ҳарифаш аз Боливияро шикаст дода буд, дар муҳорибаи дуюмаш аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа мағлуб шуд.
Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон дар Истанбул ҳамчунин Сумайя Қосимова дар вазни 48 кило ва Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило намояндагӣ карданд, ки муваффақ нашуданд.
Сумайя Қосимова дар даври аввал аз тарафи Севда Асенова аз Булғория ва Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз тарафи Йу Тинг-Линг, намояндаи Тайпей мағлуб карда шуданд.
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Ҳақназарова Қаҳрамонии ҷаҳонии боксро бо пирӯзӣ оғоз кард
Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардида, то 21 май идома меёбад. Дар мусобиқа 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 11 вазн сурат мегирад ва фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла барои ҷои 1-ум 100 ҳазор доллар, 2-юм 50 ҳазор доллар ва ду ҷои 3-юм 25 ҳазор доллар пешбинӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0