Раҳмон дар нишасти сарони СААД иштирок мекунад

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия / Гузариш ба медиабонкФлаги стран-участниц ОДКБ
Флаги стран-участниц ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Нишасти сарони СААД дар Маскав оғоз шуд, ки сарони кишварҳои узв ба он ҷо омаданд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат мекунад.
Раҳбарони кишварҳои узви СААД ба муносибати 30-умин солгарди имзои созишнома ва 20-умин солгарди таъсиси худи ин иттиҳодия дар Маскав мулоқот мекунанд.
Музокирот ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар ҳайати васеъи сарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Мулоқоти охирин моҳи ноябри соли 2019 дар Бишкек баргузор шуда буд.
Маълум аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмӣ ба Русия ҳамроҳ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ ва дигар мақомоти расмӣ вориди ин кишвар шудааст.
СААД воҳиди нави мудофиавӣ ташкил мекунад
Ҳанӯз рӯшан нест, ки Раҳмон ва Путин мулоқот хоҳанд кард ё на, аммо қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл таъкид карда буд, ки пас аз нишасти сарони СААД, раҳбари Русия як силсила мулоқотҳоро дар назар дорад.
Қаблан сарони ду кишвар як гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, дар ҷараёни он мулоқоти дарпешистодаро баррасӣ карданд.
Маълум аст, ки дабири кулли СААД Станислав Зас, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Маскав омаданд.
Масъалаҳои асосии нишасти СААД мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамчунин тадбирҳои такмили минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъӣ хоҳанд буд.
Лентаи хабарҳо
0