ФФТ довареро ҷазо дод, ки хатояш "Хатлон"- ро бар "Регар -ТадАЗ" пирӯз кард

© Sputnik / Стас ЭтвешБоковой судья, архивное фото
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Довари бозиҳои Лигаи олӣ Тоҷикистон барои саҳваш ҷазо гирифт. Ӯ як ҷаримаи 11-метриро хато таъйин кард, ки боиси пирӯзии "Хатлон" бар “Регар-ТадАЗ” шуд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 17 май таҳти раёсати ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ҷаласа дошт, тасмим гирифт, Хуршед Дадобоев, сардовари бозии даври ҳафтуми мусобиқоти Қаҳрамонии Тоҷикистон-2022, "Регар -ТадАЗ" – "Хатлон"-ро барканор кунад.
Кумитаи доварони ФФТ шикояти бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-ро пас аз бозӣ бо "Хатлон", ки рӯзи 15 май дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт, баррасӣ кард.
Бино ба иттилои маркази матбуотии ФФТ, Кумитаи доварони ин ниҳод пас аз тамошои навори ин бозӣ ба хулосае омад, ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” дар дақиқаи 90+1-уми бозӣ хато таъйин шудааст, ки дар ниҳоят ба натиҷа таъсир расонд.
Бар асоси ин, Кумитаи доварони ФФТ барои нақзи меъёри интизомии доварон тасмим гирифт, ки довар Хуршед Дадобоевро аз ҳаққи ҳакамӣ дар бозиҳои Лигаи олӣ, Лигаи якум ва ҳамчунин Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон барои се давр маҳрум кунад.
Юношеская сборная Таджикистана (U-16) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Наврасони тоҷик футболбозони қирғизро мағлуб карданд
ФФТ ҳамзамон барои ба майдон ашёи гуногун партофтани мухлисони "Регар-ТадАЗ" дастаро 1000 сомонӣ ҷарима ва майдонаш, "ТАЛКО-Арена"-ро аз ҳаққи гузаронидани як бозӣ маҳрум сохт.
Ҳамзамон дастаи ин тим барои муноқиша бо масъулини бозии "Coca-Cola"- чемпионати Тоҷикистон дар бозӣ бо "Хатлон" 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Тими "Файзканд" барои риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа дар бозии "Coca-Cola" - чемпионати Тоҷикистон 500 сомонӣ ва "Равшан"-и Кӯлоб бошад, барои ба майдон партофтани ашё аз ҷониби мухлисонаш дар бозӣ бо "Истаравшан" 1000 сомонӣ ҷарима шуд.
Ҳамчунин бозигари тими "Хатлон" Хайриддин Тӯрахонов барои бозии хашмгин 500 сомонӣ, барои дашноми рақиб бозигари тими КМВА Иззатулло Рӯзиев аз ҳуқуқи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 250 сомонӣ ҷарима шуданд.
Лентаи хабарҳо
0