Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҷангҷӯёни "Азов"* ба таври оммавӣ таслим мешаванд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПродолжается освобождение Мариуполя
Продолжается освобождение Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Дар давоми шабонарӯзи охир беш аз дусад ҷангҷӯи "Азовстал" ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузошта, ба нерӯҳои Русия таслим шуданд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Таслимшавии ҷангҷӯёни "Азов"* ва низомиёни украинӣ, ки дар "Азовстал" -и Мариупол муҳосира шуда буданд, рӯзи 16 май оғоз ёфт.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Дирӯз таслимшавии ҷангҷӯёни воҳиди миллатгароёни "Азов"* ва низомиёни украинӣ, ки дар корхонаи "Азовстал" дар Мариупол муҳосира шуда буданд, оғоз шуд. Дар як рӯзи охир 265 ҷангҷӯ силоҳ ба замин гузошта, таслим шуданд, аз ҷумла 51 нафар ҷароҳатҳои вазнин доранд", — гуфт генерал.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар нафаре, ки ба ёрии тиббӣ ниёз дорад, ба бемористони Новоазовски Ҷумҳурии Мардумии Донетск фиристода шудааст.
Илова бар ин, Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки музокироти Русия ва Украина қатъ шудааст, зеро Киев аз ин раванд даст кашидааст.
Встреча глав МИД РФ и ФРГ С. Лаврова и А. Бербок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Бербок: Буҳрони Украина ҷаҳонро ба “гуруснагии маргбор” рӯ ба рӯ хоҳад кард
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Хуруҷи беш аз 180 мулкӣ аз "Азовстал"
* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0