"Поёни ҳар ҷанг сулҳ аст": изҳороти Песков дар "Уфуқҳои нав"

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксПросветительский марафон "Новое знание". День второй
Просветительский марафон Новое знание. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хушунати Ғарб, аз ҷумла низоъҳои иттилоотӣ, иқтисодӣ, амалиёти низомӣ дар Украина аз мавзуъҳои меҳварии суҳбати сухангӯи раисҷумҳури Русия буданд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Русия ба ҳадафҳои гузоштааш дар амалиёти низомӣ дар Украина даст хоҳад ёфт.
Ин нуктаро Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия зимни ҳамоиши маърифатии "Уфуқҳои нав" баён дошт.
Ба гуфтаи Песков, барои Ғарб дер боз ҳатто вуҷуди Русия хуш нест, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҷанги гибридӣ бурда истодаанду на танҳо ба кишвари ғайридӯст, балки ба душман мубаддал гардидаанд.
Ӯ афзуд, танҳо мушовирони низомии амрикоӣ ва бритониёӣ нестанд, ки ба миллатгароҳои мусаллаҳи украинӣ чӣ кор карданашро мегӯянду маълумоти истихборотӣ медиҳанд.

"Ин ҷо ҳамчунин ҷанги сиёсию дипломатӣ аст, ки талош доранд, моро дар муҳосира қарор диҳанд. Ин ҷанги иқтисодӣ мебошад", - изҳор дошт Песков.

Намояндаи Кремл таъкид намуд, ки Русия дар бархӯрд бо Ғарб истод хоҳад шуд, чун ин кишвар тамоми зарфиятҳо барои инро дорад.
"Дар ниҳоят муътақидам, ки поёни ҳар ҷанге сулҳ аст. Он сулҳе хоҳад буд, ки садои мо шунида мешавад, мо роҳат, амн ва устувор хоҳем буд", - изҳор дошт Песков.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Солдат армии США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Вокуниши Русия дар қиболи вуруди Финландия ва Шветсия ба НАТО
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.
Лентаи хабарҳо
0