Мулоқоти Рустами Эмомалӣ ва Ли Чжаншу: аз сармоягузорӣ то имтиёзоти гумрукиву парвозҳо

© Госдума РФГлава парламента Таджикистана Рустам Эмомали
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Чин хостори ҳарчи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Душанбею Пекин, роҳандозии имтиёзҳои гумрукӣ барои интиқоли молҳои ниёзи мардум шудааст
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи ҶМЧ Ли Чжаншу дар шакли маҷозӣ мулоқот кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, ин мулоқот бо ташаббуси ҷониби Чин доир шуда, дар он вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин масъалаҳои муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Министр иностранных дел КНР Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Ҳамтақдир: Чин аз нақшаҳояш дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ОМ гуфт
Дар мулоқот ҳамчунин масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ муҳокима карда шуда, таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон дар доираи ташаббуси "Як камарбанд — як роҳ" ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ, хусусан дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳавасманд мебошад.
Русатми Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои расонидани кумаки моддӣ дар шакли ваксинаҳои зидди короновирус дар давраи паҳншавии ин бемории сироятӣ изҳори сипос кардааст.
Гуфта мешавад, дар мулоқот таваҷҷуҳи ҷониби Чин асосан ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти сохтмону таҷдиди иншооти энергетикӣ ва таҳкими заминаҳои истеҳсоли "технологияи сабз", бахусус мошинҳои электрикӣ ва панелҳои офтобӣ, идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, логистика, рақамикунонии соҳаи нақлиёту коммуникатсия будааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и председатель КНР Си Цзиньпин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Баррасии масоили ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон миёни Раҳмону Си Ҷинпин
Ҳамзамон намояндаи Чин ба ҳарчи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳо, роҳандозӣ кардани имтиёзҳои гумрукӣ барои интиқоли молҳои ниёзи мардум, афзоиш додани содироти маҳсулоти тозаи кишоварзӣ таъкид кардааст.
Мавзуоти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин таъмини амнияту субот дар шароити авзои мураккаби аксар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мавзуи дигар мулоқоти ҷонибҳо будааст.
Дар поёни мулоқот Рустами Эмомалӣ ва Ли Чжаншу барои анҷоми сафарҳои расмӣ ҳамдигарро ба кишваҳояшон даъват кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0