Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ куштаю захмӣ бар ҷой гузошт: шарҳи ВКД

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гирдиҳамоӣ дар Хоруғро шарҳ дода, аз кушта шудани як тан ва ҷароҳат бардоштани чанд нафари дигар гуфт
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар пайи тазоҳурот дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як тан ҳалок ва се нафари дигар захмӣ шудааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки 16-уми май, соати 18.30 дақиқа дар маҳаллаи Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил шудааст.
Бино ба гузориши ВКД, соатҳои 20.40-и 16 май, ба хидматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои суди вилоят қарор доштаанд, ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, норинҷаки дастӣ тарконида шудааст.
Дар натиҷаи ин амалҳо се корманди мақомоти қудратӣ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

"Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона яке аз тазоҳургарон захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид", - омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки дар рафти амалётҳо маводи махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шуд.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Назари Амриддин Аловатшоев дар бораи ҳукми додгоҳ маълум шуд: баҳс ба Суди Олӣ меравад
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барои муайян кардани дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Таъйини намояндаи нави ҳукумати Тоҷикистон дар Хоруғ
Нисбати саркардагони ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0